ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ КОР БО ҶАВОНОНИ НАЗДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси вилояти Суғд баргузор шуд, ки дар он роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тасдиқи нақшаи фаъолияти Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси вилояти Суғд барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи эътимоди давлату Ҳукумат ба ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа мебошад. Ҳадафи асосии чунин сохтор ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагиву ободонӣ, таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу фаъолият мебошад.
Таъкид гардид, ки тарбияи насли босавод, худшинос ва ватандӯст дар меҳвари сиёсати давлат қарор дошта, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Шоҳномахонӣ” дар рушди тафаккури зеҳнӣ, эҳёи фарҳанги китобдӯстӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ нақши муҳим доранд.
Раиси вилоят ҷавононро ба илмомузӣ, худтакмилдиҳӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол даъват намуд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо дастгирии доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиш, рушди зеҳнӣ, эҷодкорӣ ва варзиш машғул шудани ҷавонон шароити мусоиду муосир фароҳам оварда мешавад.
Дар ҳамин замина ба масъулон супориш дода шуд, ки барои бунёди марказҳои ҷавонон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода, раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода ва раиси Шӯрои олимони ҷавони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Ҳаёт Раҳимзода зимни баромадҳо аз дастгириҳои давлат нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, таъкид карданд, ки сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти мамлакат барои ба камол расидани ҳазорҳо мутахассисони ҷавон заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар анҷоми ҷаласа нақшаи фаъолияти Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси вилояти Суғд барои соли 2026 қабул гардида, ба як қатор ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои вилоят Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО